Svoboda | Graniru | BBC Russia | Golosameriki | Facebook
Jump to content

Вилоятҳои Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мақолаи асосӣ: Тоҷикистон

Бар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 100 аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»[1], воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолишини Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот ва деҳа мебошанд. Ноҳияҳо деҳавӣ ва шаҳрӣ буда, дар итоати ҷумҳурӣ, вилоят ё шаҳр шуда метавонанд.

Ҳамакнун сарзамини Тоҷикистон (соли 2014)[2] ба чунин воҳидҳо бахш карда шудааст:

Ном Аҳолӣ
(2022)
ҳазор тан[3]
Паҳноварӣ,
ҳазор км²
Зичии аҳолӣ,
кас/дар 1 км²
Шумораи
ноҳияҳо
Марказ
Душанбе 948,8 0,2 7 758,0 4
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 227,2 64,1 3,3 7 Хоруғ
Вилояти Суғд 2,770 25,2 95,3 14 Хуҷанд
Вилояти Хатлон 3,444 24,6 117,8 24 Бохтар
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2,270 28,5 56,2 13 Душанбе
  1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №21, мод. 239; соли 2000, №11, мод. 513; соли 2003, №4, мод.153; соли 2008, №3, мод. 182; соли 2009, №7-8, мод.489; №12, мод.
  2. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2014. 12 августи 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июли 2014.
  3. Sputnik Таджикистан. Мужчин больше: в Таджикистане подвели итоги переписи населения(рус.). Sputnik Таджикистан (20211012T1955+0500). 27 октябри 2022 санҷида шуд.

Тоҷикистон аз 68 шаҳру ноҳия ва 375 ҷамоъат иборат набошад.