Svoboda | Graniru | BBC Russia | Golosameriki | Facebook
Jump to content

Гавҳарбӣ Пиракова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гавҳарбӣ Пиракова
Таърихи таваллуд 10 май 1942(1942-05-10)
Зодгоҳ ноҳияи Муъминобод
Таърихи даргузашт 29 декабр 2023(2023-12-29)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша колхозчӣ, пахтакор
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1965
Ордени Ленин

Гавҳарбӣ Пиракова (Гавҳар Пиракова; 10 май 1942, ноҳияи Мӯъминобод29 декабр 2023, Меҳробод, Вилояти Хатлон) — пахтакор ва механизатори тоҷику шӯравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1965), Механизатори хидматнишондодаи хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон (1965)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гавҳарбӣ Пиракова соли 1942 дар деҳаи Буйдоқободи ноҳияи Муъминобод дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Оилаи Гавҳарбӣ низ аз ноҳияи Муъминобод ба ноҳияи Восеъ кӯч баст. Ӯ дар мактаби № 4-и деҳаи Қурбоншаҳид таҳсил карда, соли 1954 баъди хатми мактаб, ба ҳайси ҳисобчӣ ба бригадаи пахтакории колхози ба номи Ленин, ки дар он раиси шинохтаи он давра Миралӣ Маҳмадалиев роҳбарӣ мекард, ба кор қабул шуд[2].

Солҳои 1959—1960 колхозчӣ, 1961—1963 ҷонишини раис, 1963—1964 котиби ташкилоти комсомолӣ, 1964—1969 сардори бригадаи комплексии пахтакории колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Восеъ. Соҳои 1969—1973 дар Мактаби олии ҳизбии Тошканд таҳсил кардааст. Солҳои 1973—1975 инструктори Комитети ноҳиявии ҲК ва аз соли 1975 котиби ташкилоти ҳизбӣ, ҷонишини раиси колхози ба номи С. М. Кирови ноҳияи Восеъ буд[1].

Гавҳарбӣ Пиракова ташаббускори ғунучини мошинии пахта буда, дар соҳаи рушдди пахтакорӣ дар ноҳия саҳми босазо гузоштааст. Аз соли 1980 раиси Шӯрои деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ буда, баъдан ба нафақа баромадааст.

Бо ордени Ленин, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон қадр шудааст.

Гавҳарбӣ Пиракова 29 декабри соли 2023 даргузашт[3] .

  1. 1.0 1.1 Пиракова Гавҳар // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).
  2. Гавҳарбӣ Пиракова-Қаҳрамони зиндаи меҳнати сотсиалистӣ дар ҶТ - СССР - Мо метавонем!. www.cccp.tj. 13 июни 2024 санҷида шуд.
  3. Пиракова Гавхарби. warheroes.ru. 30 Декабри 2023 санҷида шуд.