Хабаргузории “Рейтерс” бо ишора ба се манбаъ иттилоъ дод, ки Исроил рӯзи 19-уми апрел ба Эрон ҳамла кард. Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба пойгоҳҳои низомии канори шаҳри Исфаҳон хунсо карданд.
Бо гузашти як моҳ аз ҳамлаи террористӣ дар "Крокус"-и Маскав мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба таври назаррас афзудааст.
Ҳамлаи Исроил ба Эрон; бозгашти ихтиёрии шуморе аз муҳоҷирон баъди ҳамла ба "Крокус"; шиканҷаи муҳоҷир барои иқрор дар тарғиби терроризм дар Русия ва матолиби дигар.
Созмони байнулмилалии Хабарнигорони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) мақомоти Русияро барои ним сол дар "шароити ғайриинсонӣ" нигаҳ доштани рӯзноманигори Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева танқид кард.
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Кишоварзон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон умед доранд, ки имсол об ба ҳама мерасад.
Баъди ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар Маскав рӯзи муҳоҷирони тоҷик дар Русия "сиёҳ" шуд. Бадрафторӣ бо онҳо авҷ гирифт ва озору азият ба ҳар баҳона маъмулӣ гашт. Радиои Озодӣ дар ин бора бо Наталя Зотова, корманди Донишгоҳи тиббии ба номи Алберт Эйнштейн дар Ню-Йорк сӯҳбат кард.
Заминҳои хушку холӣ, роҳҳои хароб, хонаҳои нимасохта, маҳаллаҳои камодам ва бе мактабу пизишк. Тасвири ҳозираи шаҳраки Сайҳун дар 10-километрии Хуҷанд чунин аст.
Баъд аз боронҳои шадид равуои ҳавоӣ бо Дубай мутаваққиф шудааст; коршиноси рус таъқиби муҳоҷиронро баъди ҳамлаи "Крокус" амали нодуруст шумурд ва Сайҳун ҳамоно "шаҳраки руъёҳо" мондааст.
"Чеҳраи Шумо, муҳоҷиронро дидан намехоҳанд." Азиза, як муҳоҷири қирғизистонӣ, ин ҷумларо аз пулиси Русия ва ҳамчун далели ронда шуданаш аз хонаи иҷора шунидааст. Мо барои амнияти ӯ ному садояшро тағйир додем.
Акси садои ҳаргуна болоравии қимати нафт дар ҷаҳон ба Тоҷикистон ҳам мерасад.
Боз як паноҳҷӯйи тоҷик аз Полша ихроҷ шуд.
Ёфтҳои бештар