Маҳрум шудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз имтиёзи сафари бевиза ба Туркия ва нигаронии коршинсон. Якбора ҷорӣ шудани раводид мавзӯи доғи расонаҳо ва фазои маҷозии Тоҷикистон дар ду рӯзи охир аст.
Хабарҳои рӯз
Дар Тоҷикистон, ки рӯзи 10-уми апрел иди Рамазон фаро мерасад, як дастур дар бораи пешгирӣ аз идгардаки кӯдакон баҳси зиёдеро барангехт. Мақомот гуфтаанд, ид гоҳе бинобар бе назорат мондани кӯдакон ба мотам табдил мешавад, иддае мегӯянд, на.
Мақомоти Русия баъд аз ҷалби ҳазорон маҳбус ба ҷанги Украина ва холӣ шудани зиндонҳо дари баъзеи онҳоро мебанданд. Чунин ҳолат феълан дар Красноярск ва вилояти Свердлов иттифоқ уфтодааст. Аз гӯшаҳои дигари Русия низ аз баста шудани зиндонҳо хабар мерасад.
Дар яке аз мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон саршумори як ҷонвари зебову нодир зиёд шудааст. Саршумори оҳуи бухороӣ, ки онро аз дигар ҷой оварданд, то дар мамнуъгоҳи Сари Хосор дар Балҷувон аз нав парвариш ва зиёд кунанд.
Дар арафаи иди Рамазон дар маркази вилояти Суғд тоҷирону деҳқонон бо ҳидояти мақомоти маҳаллӣ маҳсулотҳоро бо нархи чанд дарсад поёнтар аз бозор ба фурӯш бароварданд.
Додгоҳе дар Вилнюс, пойтахти Литва, рӯзи 7-уми апрел амр додааст, ки паноҳанда ва фаъоли сиёсии тоҷик Сулаймон Давлатовро ду моҳ ба ҳабс гиранд, аммо сабабашро ошкор накардааст.
Ахбори Озодӣ
Дар Тоҷикистон садҳо кӯдак ҳар сол бо синдроми Даун ба дунё меоянд. Баъзе аз падару модарон онҳоро дар хона нигаҳ медоранд, чун фикр мекунанд, ки мардум ба онҳо механданд. Дар ин филми мустанад аҳволи кӯдакону калонсолони гирифтори синдроми Даун дар Тоҷикистонро тасвир шудааст.
Дар вилояти Хатлон, ки теъдоди мардуми фақир онҷо дар муқоиса ба дигар вилоятҳои кишвар зиёдтар аст, як барномаи наверо амалӣ мекунанд, то ин мардум даромади бештар ёбанду дигар чеҳраи шуми фақру қашшоқиро набинанд. Ба сокинон мурғ тақсим мекунанд, то парвариш карда, ба фурӯши тухм оғоз кунанд.
Бозгашти Толибон ба қудрат ва бекор мондани афроди зиёде дар Афғонистон теъдоде аз сокинони Бадахшонро ба самти кори сахте бурдааст. Ба сӯйи заршӯӣ, ки фоидаи зиёде дорад, ба шарте иқболи инсон баланди кунаду аз дили сангу кӯҳ тилло ба даст орад.
Баъди ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" обрӯи тоҷикон дар саросари ҷаҳон рехт? Баҳси асосии барномаи имрӯзи "Озодӣ Онлайн" дар ҳамин бора аст. Ҳамлаи маргбор ба "Крокус", ки мақомоти Русия онро кори дасти муҳоҷирони тоҷик медонанд, ин баҳсро доғ кард, ки акнун тоҷикон дар ҷаҳон беобрӯ шуданд.
Ёфтҳои бештар