Svoboda | Graniru | BBC Russia | Golosameriki | Facebook

Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарси тоҷикон аз бадномӣ ва муроҷиати чеҳраҳои маъруф


Манижа Сангин, овозхон
Манижа Сангин, овозхон

Эҳтимоли даст доштани тоҷикон дар ҳамлаи маргбори “Крокус” ҷомеаи Тоҷикистонро сахт такон дод.

Бо он, ки суолу шубҳаҳо дар робита ба ҳамлаи маргбор дар "Крокус" ҳамоно зиёд аст, номи Тоҷикистон дар расонаҳои ҷаҳонӣ дар пайванд бо ин амали ваҳшатноки террористӣ баромад ва ин тоҷикони дохилу хориҷро ба ташвиш овардааст.

Онҳо бар ин боваранд, ки ҳодисаи мазкур сабаби бадномии кишвару миллат шуда, ба зиндагии тоҷикони дигар ҳам таъсиргузор хоҳад буд. Бисёре аз шахсиятҳои маъруф бо нашри муроҷиатҳо ба он таъкид кардаанд, ки терроризм миллат надорад ва набояд баъд аз ин дар чеҳраи ҳар тоҷик ҷинояткор дида шавад.

Даниел Рустамов яке аз ҳунармандони ҷавони тоҷик аст, ки дар озмунҳои бонуфузи мусиқии Русия ширкат карда, машҳур гаштааст. Вай ҳамеша мегуфт, ҳадафаш боло бурдани обрӯйи Тоҷикистон аст ва талош кард, нишон диҳад, ки тоҷикони соҳибистеъдоду эҷодкор кам нестанд.

Ҳоло, ки Тоҷикистон дар пайванд ба ин воқеаи мудҳиш дар сархати расонаҳо ҷой гирифтааст, талошҳои ин ҷавон ва ҳамтоёни дигари ӯ зери соя монд. Даниел Рустамов, гуфт “Ин барои кишвари мо як фоҷеаи бузург аст. Зеро обрӯи кишвари мо бад шуд. Барои амали чанд ҷинояткор, тамоми тоҷиконе, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд азият мекашанд. Онҳое, ки ба ин амал даст задаанд, бояд ҷазо бинанд. Мо барои онҳое, ки наздикони худро дар ин ҳодиса аз даст додаанд, дуо мекунем."

Тарси тоҷикон аз бадномӣ пас аз ҳамлаи Крокус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Ҳамасола наздик ба миллион нафар бо умеди кору зиндагии беҳтар аз Тоҷикистон ба Русия мераванд. Ин шумора сол то сол зиёд мешавад. Тоҷикони зиёде дар ин кишвар дар соҳаҳои мухталиф шинохта шудаанд, аз ҷумла чун табибони обрӯманд. Ҳамлаи маргбор ин қишрро ҳам, ки дар Русия зиндагии худро обод карда, барои худ ном сохтааст, нороҳат мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳам мардум нигаронанд. "Хулоса, беҳад зиққем. Аз пушти чанд кас миллат бадном нашавад. Раванду аз пайи кору бор шаванд. Агар ягон тафтише мешавад, барои бехатарии ҳам муҳоҷирон машзавод, ҳам шаҳрвандҳои Русия, ки дубора ин корҳо такрор наёбанд."- гуфт, як сокини пойтахт.

Сокинон ва чеҳраҳои шинохтаи тоҷик дар саҳфаҳои иҷтимоии худ ба такрор таъкид мекунанд, ки боздошти тоҷикон бо гумони ҳамла набояд сабаби тоҷикбадбинӣ ва бегонаситезӣ махсусан дар Русия шавад. Фаррух Ҳасанов, овозхони 25 солаи тоҷик, ки дар озмуни мусиқии "Ну-ка, все вместе!" дар Маскав пирӯз шуд, дар наворе дар саҳфаи Инстаграми худ, даъват кард, ки "Биёед ба ин вазъият солимона баҳо диҳем ва тамоми миллатро гунаҳкор накунем."

Фаррух Ҳасанов
Фаррух Ҳасанов

Манижа Сангин, овозхони маъруфи тоҷиктабор, ки шаҳрванди Русия аст, дар паёми видеоие гуфт "Одамони зиёде бар инанд, ки қотил миллат надорад ва бо вуҷуди ҳама даҳшату торикиҳо мо бояд инсон бимонем. Ташаккур ба онҳое, ки ҳанӯз умед мебахшанд."

Сӯйи Тоҷикистону тоҷикон дароз шудани ангушти ишораи расонаҳои махсусан Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар ҳолест, ки мақомот дар Тоҷикистон солҳои ахир бо ташкили барномаҳои мухталифи телевизионӣ ва роҳандозии маъракаҳо талоши ҷалби сайёҳон ва чун як давлати муттамадину бехатар муаррифӣ кардани Тоҷикистонро доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳост мубориза бо тероризмро авлавият қарор додааст. Эмомали Раҳмон, президенти Тоҷикистон ахиран аз афзоиши ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу созмони террористӣ нигаронӣ кард ва гуфт, дарар се соли ахир 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 давлат амали терористӣ анҷом додаанд.

Амале, ки акнун ба гуфтаи мусоҳибони мо ҷабрашро дар ҳар шакл тоҷикони дигар мекашанд. Ҳарчанд тавре бисёриҳо ин шабу рӯз таъкид мекунанд, терроризм миллату мазҳаб надорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG