Svoboda | Graniru | BBC Russia | Golosameriki | Facebook

Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шохаи "Хуросон" кай пайдо шуд ва чӣ гуна то Маскав расид?


Ҳофиз Саид, раҳбари қаблии шохаи "Хуросон"-и ДОИШ дар як макони номаълум дар сарҳади Покистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Ҳофиз Саид, раҳбари қаблии шохаи "Хуросон"-и ДОИШ дар як макони номаълум дар сарҳади Покистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл", воқеъ дар Красногорски Русия, рӯзи 22-юми март сабаби марги 144 нафар шуд. Масъулияти онро гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба дӯш гирифт. Ин созмон дар аксар кишварҳои дунё террористӣ эътироф шудааст.

Дурустии ин изҳоротро манобеи нашрияи амрикоии The New York Times, CBS News ва хабаргузории Reuters тасдиқ кардаанд. Мақомоти Амрико бар инанд, ки дар паси ҳамла “Вилояти Хуросон”, як шохаи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" қарор дорад. Ин гурӯҳ пештар ба сафорати Русия дар Кобул ҳамла карда, таҳдид намуда буд, ки дар ҳудуди Русия чунин амал анҷом медиҳад.

"Вилояти Хуросон" ё шохаи "Хуросон"-и ДОИШ соли 2014, замоне пайдо шуд, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бахше аз қаламравҳои Ироқ ва Сурияро тасарруф карда, “хилофат”-и худхонда эълон карда буд. Давлате, ки ба гуфтаи онҳо бар пояи шариат идора мешуд. Дертар ДОИШ аз тарафи эътилофи низомии таҳти раҳбарии Амрико саркӯб гардид.

“Вилояти Хуросон” аввал барои иҷрои ҳадафҳои бузурги гурӯҳи ДОИШ, афзоиши пайравони худ дар тамоми Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, қисме аз қаламравҳои шарқ ва шимоли Афғонистонро ишғол кард. Хуросон минтақаи таърихиест, ки қисмате аз Афғонистону Эрон ва Осиёи Марказиро дар бар мегирад.

Шохаи “Хуросон”-и ДОИШ, ки ба номи ин минтақаи таърихӣ зуҳур кард, тақрибан соли 2019 зери фишору тирборони нерӯҳои афғону хориҷиён ва ҳамчунин гурӯҳи “Толибон” ба тарки пойгоҳҳои худ дар Афғонистон сар кард. Сипас ин гурӯҳ тарзи муборизаашро тағйир дод ва ба ҷанг дар шаҳрҳо оғоз намуд.

Ҷангҷӯёни “Хуросон” куҷоиянд?

Шохаи “Хуросон”-и ДОИШ аз тарафи аъзои норозии гурӯҳи “Толибон” ва “Таҳрики Толибони”-и Покистон таъсис ёфта, бо “Давлати исломӣ” байъат кардаанд. Ба сафи ҷангҷӯёни ин гурӯҳ сокинон аз Афғонистон ва кишварҳои Шӯравии собиқ ё Осиёи Марказӣ ҷалб шуданд.

Шӯрои Амниятии Созмони Милал соли 2023 дар гузорише гуфт, дар миёни ҷангҷӯёни шохаи “Хуросон”-и ДОИШ шаҳрвандони Покистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ҳастанд. Ҳамчунин дар гузориш омадааст, ки дар сафи ҷангҷӯён баъзе аз низомиёни араб ҳастанд, ки ба Афғонистон гузаштаанд.

Бино ба омори Шӯрои амнияти СММ, шохаи “Хуросон” бо шумули аъзои оилаи ҷангҷӯён “аз 4 то 6 ҳазор” узв дорад. Баъзе аз коршиносон ин оморро камтар мегӯянд.

Ин гурӯҳ ба нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон ва ба гурӯҳи “Толибон” ҳамла кардааст. Ақаллият ё камшуморони мазҳабии Афғонистон ҳам борҳо қурбонии ҳамлаи ҷангҷӯёни шохаи “Хуросон” шудаанд.

Яке аз пурқурбонитарин ҳамлаи террористии ин гурӯҳ ба фурудгоҳи байнулмиллалии Кобул буд, ки дар он 170 ғайринизомӣ ва 13 низомии амрикоӣ кушта шуд. Ин ҳамла соли 2021 замони берун рафтани нерӯҳои байнулмилалӣ ва фирори сокинон аз Афғонистон рух дод.

Пас аз тасарруфи ҳукумати Афғонистон аз сӯйи “Толибон”, шохаи “Хуросон” ба мақомдорони ин гурӯҳ, шаҳрвандони хориҷӣ, сафорату ҳазораҳои шиамазҳаб ва онҳое, ки мавқеашон бо ақидаи ин гурӯҳи тундрав мувофиқ нест, ҳамла мекард.

21 -уми март “Вилояти Хуросон” масъулияти амали террористиро ба як бонк дар шаҳри Қандаҳор, ҷануби Афғонистон, бар дӯш гирифт. Дар он ҳодиса камаш 21 нафар кушта шуданд. Дар таркишҳои маргбори шаҳри Кирмони Эрон, ки моҳи январ сурат гирифтаву 90 кушта ба ҷой гузошт, шохаи “Хуросон”-ро айбдор медонанд. Бар асари ду таркиш моҳи январ дар Кирмон зиёда аз 90 нафар кушта шуд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, бо вуҷуди боздошту кушта шудани садҳо ҷангҷӯйи “Вилояти Хуросон” аз сӯйи “Толибон” ин гурӯҳи тундрав ҳамоно қавӣ ва устувор аст. Майкл Кугелман, мудири Пажӯҳишгоҳи Осиёи Ҷанубӣ дар Маркази Вудро Вилсон дар Вашингтон, мегӯяд: "Эҳтимол шохаи “Хуросон” дар байни созмону бахшҳои дигари минтақаии "Давлати исломӣ" аз шохаҳои фаъолтарини он аст."

Чаро дар Русия ҳамла анҷом дод?

Дар моҳи сентябри соли 2022 шохаи “Хуросон” масъулияти бомбгузории интиҳорӣ ё маргталабонаро дар назди сафорати Русия дар Кобул ба дӯш гирифт. Дар ин ҳодиса камаш шаш нафар, аз ҷумла ду корманди сафорат кушта шуданд. Ин ҳамла барои баъзе аз нозирону таҳлилгарон тааҷҷубовар набуд, зеро ба андешаи онҳо “Давлати исломӣ” хеле пеш таҳдид карда буд, ки дар ҳудуди Русия амали терористӣ анҷом медиҳад.

Лукас Веббер (чап) ва Майкл Кугелман (рост)
Лукас Веббер (чап) ва Майкл Кугелман (рост)

Лукас Веббер, муҳаррири сомонаи MilitantWire.com мегӯяд, “Давлати исломӣ” аз аввал Русияро дар баробари Амрико аз душманони аслии худ медонист. Вай бо ишора ба ёриҳои Маскав ба президент Башор Асад дар ҷанги дохилии Сурия гуфт: “Ин мавқеъ соли 2015, баъд аз дахолати Русия дар Сурия ва пуштибонӣ аз ҳукумати он якбора ташдид ёфт.”

Ба гуфтаи коршинос, идомаи дахолати низомии нерӯҳои Русия ва гурӯҳи зархаридони “Вагнер” дар тамоми Африқо, ки асосан пойгоҳҳои ДОИШ-ро ҳадаф қарор медоданд, ҳисси душмании шохаи “Хуросон”-ро бо Русия бештар кард.

Таҳлилгарон пуштибонии Маскавро аз “Толибон” ҳам як сабаби ҳамлаи маргбори охир дар Русия медонанд. Русия ба мисли кишварҳои дигар ҳукумати “Толибон”-ро эътироф накардааст ва расман ин гурӯҳи тундрави исломиро террористӣ мехонад. Дар айни замон Маскав борҳо намояндагони расмии ҳукумати “Толибон”-ро қабул карда буд ва дар Кобул сафорати Русия фаъол аст.

Сергей Мигдал, таҳлилгари масоили низомӣ ва афсари собиқ дар сӯҳбат бо телевизиони “Настояшее Время”, як бахши Радиои Озодӣ, гуфт, эҳтимол сабаби ҳамла муносибати дӯстонаи Русия бо “Толибон” аст, ки баъд аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон ба роҳ монда шуд.

“Русия ҳоло ошкоро аз “Толибон” пуштибонӣ мекунад. Чаро? Зеро Эрон ва “Толибон" ба зидди Амрико ҳастанд. Ҳамаи ин дар чанд моҳи охир ҷамъ шуд ва амалан “Давлати исломӣ” ва шохаи афғонистонии он Русияро пуштибони аслии ду душмани худ, низоми Оятуллоҳ дар Эрон ва “Толибон” дар Афғонистон медонад. Ва онҳо аллакай ба кор сар кардаанд. Яъне, акнун онҳо на фақат ба “Толибон”-у пулису низомиёни Эрон ҳамла мекунанд. Чанд моҳ пеш ба сафорати Русия дар Кобул ҳам ҳамла карданд. Ҳамакнун то вилояти Маскав расиданд. Яъне онҳо ҳоло Русияро душмани асосии худ медонанд,” – афзуд ӯ.

Дар оғози моҳи март сафорати Амрико дар Русия ҳушдор дод, ки ифротгароён нақшаи ҳамла дар пойтахти Русияро доранд. Дар изҳороти намояндагии Амрико аз шаҳрвандони Амрико хоста шуда буд, ки ба ҷойҳои серодам нараванд. Рӯзе баъд аз ин Кореяи Ҷанубӣ ва чанде аз кишварҳои аврупоӣ ҳам бо айни чунин ҳушдор ба шаҳрвандони худ муроҷиат карданд.

“Бо режими Путин ва артиши Русия меҷангем, на мардуми оддӣ”

Президенти Русия, Владимир Путин баъд аз интихобот ба ҳушдорҳо посух дод ва изҳороти кишварҳои ғарбиро дар бораи хатари ҳамлаи террористӣ дар Русия “иғвогарона” хонда гуфт, ҳадафи онҳо “тарсонидан ва ноором кардани мардум аст”.

Ҳатто баъд аз он ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамларо дар Русия бар дӯш гирифт, раҳбари Русия дар муроҷиати худ рӯзи 23-юми март Украинаро дар ташкили ин ҳамла ва ёрӣ ба ҳамлагарон айбдор кард. Расонаҳои давлатии Русия ҳам ба дасти Украина ва “изи пойи Ғарб” дар ин амали терористӣ таъкид мекунанд.

Ба андешаи Юрий Федоров, таҳлилгари масоили низомӣ – сиёсӣ ва номзади илми таърих ин ҳамларо Кремл барои ҳадафҳои сиёсии худ ва дуруст шумурдани ҷанг алайҳи Украина истифода хоҳад кард.

“Дар истилоҳи русӣ, иҷрокунандагони муайян ҳастанд ва ҳастанд шахсоне, ки онҳоро “лӯхтак” меноманд. Яъне онҳое, ки дар ҳар шакле, ин амали терористиро роҳнамоӣ ё ташкил кардаанд. Ин суруди кӯҳнашуда аст, ки ҳанӯз аз соли 2000-ум аз сӯйи мубаллиғону чеҳраҳои сиёсии Русия иҷро мешавад. Онҳо метавонистанд, огоҳ бошанд (аз нақшаи ҳамла) ба эҳтимоли зиёд медонистанд, вале дониста ё ноогоҳона, имкон доданд, ки ҳодиса рух диҳад. Дар ҳодисаҳои қаблӣ, чунин амалҳои пурқурбонии террористӣ, тавре мо ҳам медонем, масалан таркиши соли 1999 дар Маскав, ҳамла дар Осетия, ҳамаи ин ҳодисаҳо баъдан барои кадом як ҳадафи сиёсӣ аз сӯйи афроди наздик ба Кремл истифода шуданд.”

Ҳанӯз то суханронии Путин, баъзе аз сиёсатмадорони рус дар изҳороти худ аз эҳтимоли даст доштани Украина дар ин ҳодиса таъкид карданд. Дар посух, мушовири президенти Украина, Михаил Подоляк гуфт, “Украина ба тирандозӣ ва таркиш дар “Крокус Сити Ҳолл” рабте надорад. Дувум, Украина ҳеч гоҳ аз усулҳои террористӣ истифода накардааст.”

Пас аз муроҷиати президенти Русия, Владимир Путин, Подоляк дар суҳбат бо “Настояшеe Время” гуфт, “субҳи рӯзе, ки дар “Крокус” ҳамла сурат гирифт, ба низоми барқӣ, аз ҷумла ба Нерӯгоҳи Днепр зарбаҳои сахти террористӣ зада шуд. Мо ба дигар корҳо бандем. Ин ҷо ҷанг рафта истодааст. Мо аз усулҳое, ки хоси Русия аст, истифода намебарем.”

Сиёсатмадори украинӣ, Владимир Фесенко, дар як барнома гуфт, “ҳамлаи террористӣ бо ҳадафи айбдор кардани Украина ва эҷоди мавқеи зиддиукраинӣ истифода мешавад.”

Ӯ афзуд: “Агар мо коре чун ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл”-ро кунем, метавонем пуштибонии байнулмилалиро аз даст диҳем. Мо бо режими Путин ва артиши Русия меҷангем, на бо мардуми оддӣ. Ҳоло дар робита ба ин ҳодиса суолҳо бештар аз посухҳост. Шубҳаҳо ҳам хеле зиёд аст. Украина аз он ҳарос дорад, ки ин ҳодиса метавонад махсус барои густариши ҷанг алайҳи кишвари мо истифода шавад.”

XS
SM
MD
LG