Svoboda | Graniru | BBC Russia | Golosameriki | Facebook

Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"3 вакил даст кашиданд." Ба Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов чӣ шуд?


Сӯҳроб Зафар, раиси созмони "Гурӯҳи 24"
Сӯҳроб Зафар, раиси созмони "Гурӯҳи 24"

Аз нопадид шудани Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, узви ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, дар Туркия беш аз як моҳ гузашт. Дар ин муддат на ҷониби Туркия ва на мақомоти Тоҷикистон шарҳе намедиҳанд. Ба онҳо чӣ шудааст?

Ин ду фаъоли сиёсии тоҷик солҳо боз дар Туркия кору зиндагӣ доштанд. Яке дар моҳи феврал ва дигаре дар моҳи марти имсол ба таври мармуз бедарак шуданд.

Радиои Озодӣ ду ҳафта пеш бо фиристодани номае шарҳи Додситонии кулли Тоҷикистонро хост. Дафтари матбуоти ин ниҳод дар як тамоси телефонӣ хабар дод, ки ҳанӯз муҳтавои номаро баррасӣ доранд.

Пайвандони Сӯҳроб Зафар дар Тоҷикистон гуфтанд, ки дар бораи дар куҷо ва таҳти чӣ шароит будани ӯ хабар надоранд.

Муроҷиати ҳамсафонашон ба мақомоти Тоҷикистон ва Туркия то ин дам бенатиҷа будааст. Убайдулло Саидӣ, сухангӯи “Гурӯҳи 24”, рӯзи 12-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагиҳои расмии Туркия дар Аврупо ба номаи онҳо посух надоданд. Додситонии Туркия низ мактуби онҳоро беҷавоб гузоштааст.

Насимҷон Шарифов
Насимҷон Шарифов

Ба қавли ӯ, пайиҳам се вакили мудофеъ ба дархости онҳо барои мадад дар қазияи фаъолони мухолифи нопадидшуда посухи рад додаанд.

“Як вакили мудофеъ соли 2018 аз Насимҷон Шарифов ҳимоят карда буд. Аз ӯ хостем, дубора қазияи ӯро пайгирӣ кунад. Аввал розӣ шуд, вале рӯзи дигараш гуфт, ки чунин масъаларо наметавонад дифоъ кунад. Боз як вакили дигар гирифтем ва қазияро шарҳ додем, даст кашид. Вакили севум ҳам рад кард,” – нақл кард ӯ.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон бо нигаронӣ мегӯянд, бенишон шудани ду фаъоли мухолифони тоҷик дар Истанбул бозгӯйи он аст, ки Туркия барои паноҳҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дигар макони амн нест.

Созмони “Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов онро бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шуд. Суҳроб Зафар, раиси ин созмон дар моҳи октябри соли 2014 аз Тоҷикистон ба Туркия кӯч баста буд. Вай чанд дафъа дастгир, аммо озод шуд.

Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия мезист ва ба камияш се бор дастгиру раҳо шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳ дар боздоштгоҳ буд. Маълум нест, ки ин бор ҳам дар ҳабс аст ё ба мушкили дигаре дучор шудааст.

Нигарониҳое ҷой дорад, ки эҳтимол онҳоро ба Тоҷикистон бурдаанд. Пайвандонашон аз он дар ҳаросанд, ки дар кишвар зери фишору шиканҷа ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ мешаванд. Бо вуҷуд нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти ду кишвар то ҳанӯз ин мавзӯро шарҳ надодаанд.

Стив Свердлов, ҳомии ҳуқуқи инсон, рӯзи 12-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нопадид шудани ду мухолифи ҳукумати Тоҷикистон "ҷиноят ва мояи нигаронии амиқ аст". Ӯ аз мақомоти Тоҷикистону Туркия хост, ки ҳарчи зуд макони нигаҳдории онҳоро эълом кунанд.

Тақрибан даҳ сол пеш Туркия барои паноҳҷӯёну фаъолоне, ки маҷбур буданд кишвари худро тарк кунанд, яке аз маконҳои бехатар ба ҳисоб мерафт. Барои сафар ба ин кишвар маҳдудияте вуҷуд надошт ва хатари истирдод ба ватан кам буд. Акнун ба гуфтаи таҳлилгарон вазъ дигар шудааст.

XS
SM
MD
LG