Svoboda | Graniru | BBC Russia | Golosameriki | Facebook

Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳи қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон. Чӣ дигар шуд?


Акси раҳбарони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон. Раёсати ҳизби ҳокими халқӣ-демократиро президент Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад
Акси раҳбарони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон. Раёсати ҳизби ҳокими халқӣ-демократиро президент Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад

Аз ин ба баъд ба ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ки баъзеи онҳо худро "оппозитсия", вале мухолифон "ҷонибдори ҳукумат" медонанд, аз ҳисоби буҷаи давлат пул ҷудо хоҳад шуд. Вакилони порлумон тағйиротро ба қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ рӯзи 11-уми апрел қабул карданд.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия, ислоҳи қонунро "таҳкими низоми бисёрҳизбӣ, шаффофияти фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, беҳтар гардидани мақоми кишвар ҳамчун давлати демократӣ дар арсаи байнулмилалӣ" номид.

Матни қонун то ҳол нашр нашудааст, аммо аз ҳарфҳои вазири адлия ин нукта маълум гашт, ки танҳо ҳизбҳое аз буҷаи кишвар маблағ мегиранд, ки агар вориди порлумон шаванд. Бахши асосии курсиҳои порлумон дар ихтиёри Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва панҷ ҳизби наздик ба ҳукумат аст. Ягона ҳизби мухолиф дар кишвар, Ҳизби сотсиал-демократ, ҳеч гоҳ ба порлумон роҳ наёфтааст.

Вазири адлия рӯзи 11-уми апрел дар назди вакилон гуфт, ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот на кам аз панҷ дарсади овозҳоро соҳиб мешаванд, як маротиба аз буҷаи кишвар пул мегиранд. Миқдораш, ба гуфтаи Музаффар Ашӯриён, "7 дарсади нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарб ба шумораи овозҳои гирифтаи ҳизби сиёсӣ амалӣ мешавад." Ҳоло як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 72 сомонӣ аст.

Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистӣ ва узви Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, ҳанӯз соли 2003 пешниҳод карда буд, ки ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷаи давлат сармоягузорӣ шаванд, аммо ба иддаои ӯ "бо пофишории ҳизбҳои наҳзати исломӣ (фаъолияташ мамнуъ) ва сотсиал-демократ амалӣ нашуд."

"Агар ҳизбҳои сиёсӣ маблағи кофӣ надошта бошанд, барномаҳои худро дар амал татбиқ карда наметавонанд," – афзуд ӯ рӯзи 11-уми апрел дар порлумон.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва вакили собиқи порлумон, мегӯяд, ин таҷрибаи нав ва бад нест, аммо дар шароити кишварҳои диктатурӣ натиҷаи баръакс хоҳад дод.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Ӯ рӯзи 14-уми апрел гуфт: "Дар кишварҳои диктатурӣ ба мисли Тоҷикистон бештар ба хотири контроли ҳизбҳои сиёсӣ аст ва ба хотири он аст, ки онҳоро ҳамеша муттаҳам ва вафодор ба худ нигоҳ бидоранд."

"Дар Тоҷикистон имкон нест, ки як гурӯҳ ҳизби сиёсии мустақил таъсис диҳанд. Даҳҳо чунин кӯшиш ноком буданд ва ҳатто раҳбаронашон зиндонӣ шуданд. Ҳукумате, ки аслан иҷоза намедиҳад, як ҳизби мустақил рӯйи кор биояд, чӣ гуна ба фаъолияти он пул ҷудо мекунад? Баъд аз ин, шак надорам, рақобат байни аҳзоби кисагӣ барои он шуруъ мешавад, ки кӣ ба сиёсати раҳбарияти ҳукумат вафодортар аст, то аз порлумон берун нашавад ва барои фаъолияти минбаъдаи худ як маблағи ночиз дарёфт кунад," -- илова кард ӯ.

Вокуниши Кабирӣ ба ислоҳи қонуни ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00
Линки мустақим

Бар асоси тағйирот ба Қонуни асосии Тоҷикистон, ки соли 2016 қабул шуд, ҳизбҳои сиёсӣ ҳаққи гирифтани пул аз хориҷи кишвар надоранд. Ягона манбаи маблағузории онҳо ҳаққи узвияти пайравонашон аст.

Дар Тоҷикистон то соли 2015 ҳашт ҳизби сиёсӣ номнавис шуда буд. Пас аз манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ шумораи онҳо ба ҳафт расид. Намояндагони баъзе аз ин ҳизбҳо худро "оппозитсияи созанда" медонанд, аммо намояндагони мухолифон аксари онҳоро "ҳизбҳои кисагӣ" номбар мекунанд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки фаъолияташ расмист, то чанд сол пеш яке аз ҳизбҳои мустақилу мухолифи ҳукумат дар дохили ҷумҳурӣ ба шумор мерафт, аммо бо истеъфои раҳбари пешинааш Раҳматилло Зойиров дар соли 2021 дигар аз худ дараке надод. Ба истиснои изҳори назарҳои баъзе аз намояндагонаш дар матбуот.

То ин дам кӯшиши сабтиноми ҳизбҳои "Тоҷикистони нав", "Ваҳдат" ва "Тараққиёти Тоҷикистон" ноком буд.

XS
SM
MD
LG