Svoboda | Graniru | BBC Russia | Golosameriki | Facebook

Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ховари Миёна дар варта аст." Баҳси ҳамлаи Эрон ба Исроил дар СММ


Шӯрои Амнияти Созмони Милал. Ню-Йорк, 14-уми апрели 2024
Шӯрои Амнияти Созмони Милал. Ню-Йорк, 14-уми апрели 2024

Ҳамлаи мустақим ва бесобиқаи Эрон ба Исроил дар рӯзи 14-уми апрел дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба ҷанги лафзӣ табдил ёфт.

Исроил ҳамлаҳои Эронро маҳкум кард. Намояндаи Эрон дар Созмони Милал рафтори кишварашро посухи қонунӣ ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Сурия донист, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуданд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи Шӯрои Амният дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, ҷаҳон ва минтақа тобу тавони ҷанги дигареро надорад.

“Ховари Миёна дар варта қарор дорад. Мардуми минтақа дар рӯ ба рӯи як ҷанги вайронгар ва васеъ ҳастанд. Ҳоло фурсати фурӯ нишондани шиддат расидааст. Ҳоло фурсати хештандории комил аст," – гуфт Антонио Гуттереш.

Гилад Эрдан, намояндаи Исроил дар Созмони Милал
Гилад Эрдан, намояндаи Исроил дар Созмони Милал

Баъд аз ҳамлаи Эрон, ки хатари ҷанги васеъро дар Ховари Миёна зиёд кард, Исроил гуфт, дар ниҳоят пирӯз мешавад. Ба қавли ҳукумат, Эрон ба Исроил бо бештар аз 300 паҳпод ва мушак зарба задааст. Ин ҳамлаи нахустини Эрон аз қаламраваш ба як кишвари дигар аст.

Коршинос Беҳном Бин Толиблу мегӯяд, “аз назари стратегияи амниятӣ, нишондиҳандаи шиддат додани вазъ ва аломати ваҳмангези боварии беш аз ҳадди Эрон ба худ аст. Ҳамзамон баёнгари стратегияи сиёсиест, ки майли Эрон ба рискҳои бештарро нишон медиҳад."

Артиши Исроил гуфт, ки тақрибан ҳамаи мушаку паҳподҳои Эронро дар ҳаво зада нобуд кардаанд. Беҳном Бин Толиблу мегӯяд, “ба андешаи ман, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ хост, бо ин ҳамлаи зоҳиран маҳдуд нишон диҳад, ки қодир аст, фазои Исроилро рахна кунад. Бесобиқа он чӣ аст, ки Эрон ҳеч гоҳ аз қаламрави худ ба як ҳадафе ҳамла накардааст."

Теҳрон гуфт, ки ҳамла посух ба зарбаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Сурия аст ва пеш аз ҳамла низ Амрикову ҳамсоягонашро дар ҷараён гузоштааст.

“Мо ба Кохи Сафед тайи паёме эълом кардем, ки амалиёти мо маҳдуд ва ҳадди ақалӣ ва бо ҳадафи дифои машруъ ва танбеҳи режими Исроил сурат мегирад," – гуфт Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон (дар байн)
Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон (дар байн)

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба ин бовар аст, ки рӯёрӯӣ “ҳанӯз тамом нашудааст”.

Ба қавли Михаил Бородкин, таҳлилгари умури Эрон, “ҳукумати Исроил дар андешаи ду посух аст. Аввал ҳамлаи ҳавоии мустақим ба Эрон. Дувум ҳамла ба "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон. Ба фикри ман, эҳтимоли дувумӣ бештар аст."

Бо авҷ гирифтани танишҳо, кишварҳои ҷаҳон хоҳони хештандории тарафҳои даргир шуданд. Дархости аксарияти дипломатҳо дар ҷаласаи Шӯрои амният низ роҳ надодан ба шиддат гирифтани вазъ ва табдили он ба як ҷанги дигар буд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ҳамлаи Эрон ба Исроил чӣ пайомад хоҳад дошт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00
XS
SM
MD
LG