Svoboda | Graniru | BBC Russia | Golosameriki | Facebook

Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чаҳор ноҳияи Тоҷикистон сел омадааст


Ноҳияи Рӯдакӣ, 15-уми апрели 2024
Ноҳияи Рӯдакӣ, 15-уми апрели 2024

Шаби 15 ба 16-уми апрел дар чаҳор ноҳияи Тоҷикистон сел омадааст. Ба иттилои расмӣ, ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ надошт, аммо ба хонаву дари сокинон осеб расонд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 16-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳама бештар ноҳияи Рӯдакӣ зарар дид. Дар ин ноҳия об ба ҳавлии 204 оила даромада, “аммо ба манзилҳои зист осеб нарасондааст”.

Дар натиҷаи борони зиёд оби канали Янгиқурғон дар шаҳри Ваҳдат ҳам баланд шуда, об ба ҳавлии чор сокин даромадааст.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин гуфтанд, шаби гузашта оби дарёи Ёхсу дар ноҳияи Восеъ зиёд шуда, садди дарёро кандааст. Дар ноҳияи Темурмалик ҳам омадани сел сабт шудааст.

Сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ идома дорад. Аммо дар ин ниҳод таъкид карданд, ки хатари бориш 16-уми апрел ҳам идома дорад.

Сокинони Тоҷикистон дар гузашта борҳо аз зиёни селу боронҳои пуршиддат ва камтаваҷҷӯҳии мақомот шикоят кардаанд. Тоҷикистон кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ аст ва солона аз онҳо миллионҳо доллар зиён мебинад.

XS
SM
MD
LG