Svoboda | Graniru | BBC Russia | Golosameriki | Facebook

Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раисони Суғду Бодканд дар бораи обёрии заминҳо


Раҷаббой Аҳмадзода (рост) ва Абдикарим Алимбоев (чап)
Раҷаббой Аҳмадзода (рост) ва Абдикарим Алимбоев (чап)

"Омодагӣ ба обёрии заминҳои кишоварзӣ" аз мавзӯи асосии суҳбати раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон будааст. Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев рӯзи 15-уми апрел дар шаҳри Гулистон гузашт. Ҷузъиёт дастрас нест.

Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд рӯзи 16-уми апрел танҳо ҳаминро гуфт, ки "ҷонибҳо масъалаҳоро бо ҳамдигарфаҳмӣ ва риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ баррасӣ ва ҳал намуда истодаанд."

Таъмини об дар минтақаҳои наздимарзӣ аз душвориҳои асосӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон номбар мешавад. Тақсими об чанд дафъа боис ба сар задани муноқиша миёни ду тараф шудааст.

Дар ҷаласаи рӯзи 15-уми апрел фармондеҳони марзбонӣ, намояндагони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ширкат кардаанд.

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар як соли охир ба таври мунтазам ва барои кашидани хати сарҳад мулоқот мекунанд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи феврали имсол гуфт, ки ду ҷониб дар чаҳор моҳ 196 километр хати марзро муайян карданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 980 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он солҳо боз таъйину нишонагузорӣ нашудааст.

Мардуми ду сӯи марз борҳо барои обу замин ва чарогоҳ ҷангу муноқиша кардаанд. Дар ду низои хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рӯй дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG