Svoboda | Graniru | BBC Russia | Golosameriki | Facebook

Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Узбекистон аз низои навбатӣ дар Ховари Миёна


Вазирони корҳои хориҷии Гуфтугӯи стратегии "Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷ" дар Узбекистон
Вазирони корҳои хориҷии Гуфтугӯи стратегии "Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷ" дар Узбекистон

Узбекистон дар робита ба дубора авҷ гирифтани низоъ дар Ховари Миёна изҳори нигаронии амиқ кардааст.

"Ҷониби Узбекистон тарафҳои даргириро ба хештандорӣ ва идома наёфтани амалиёти низомӣ даъват мекунад. Ҳамчунин даъват мекунад, ки барои ҳалли сиёсии ҳарчи зудтари низоъ тамоми чораҳои имконпазир андешида шаванд", - омадааст дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Узбекистон.

Ҷониби Узбекистон гуфтааст, бовар дорад, ки идома ёфтани ташаннуҷи вазъ дар минтақа метавонад пайомадҳои ҷиддитар ва задухӯрдҳои бузургтари низомиро ба бор орад.

Эрон шаби 13 ба 14-уми апрел дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил садҳо мушаку ҳавопаймои бесарнишин (паҳпод, дрон) партоб кард. Артиши он кишвар гуфт, ки ҳамаи зарбаҳояш "ба ҳадаф расиданд".

Исроил ва муттаҳидонаш рӯзи 14-уми апрел гуфтанд, зиёда аз 300 паҳподу мушак, аз ҷумла чанд мушаки болдори Эронро дар ними роҳ аз байн бурданд.

XS
SM
MD
LG