Svoboda | Graniru | BBC Russia | Golosameriki | Facebook

Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишнома қабул шуд, Тоҷикистон аз Туркия бесарнишин мехарад?


Ҳавопаймои бесарнишини “Байрақдор”-и Туркия
Ҳавопаймои бесарнишини “Байрақдор”-и Туркия

Порлумони Тоҷикистон созишномаеро бо Туркия қабул кард, ки роҳро барои харидани таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла бесарнишинҳо, аз ин кишвар боз мекунад. Созишнома моҳи июли соли 2023 байни ҳукуматҳо имзо шуда, ҷузъиёти онро рӯзи 11-уми апрели имсол дар Маҷлиси Намояндагон ошкор карданд.

Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ҳафтаи гузашта дар ҳузури вакилон гуфт, ҳукумати Туркия барои харидани таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои бесарнишин, ба Душанбе 50 миллион лираи туркӣ (1,5 миллион доллар) ҷудо мекунад.

Масъалаи харидани ҳавопаймоҳои бесарнишин ё дронҳо, бахусус "Байрақдор"-и Туркия, соли 2022 ва баъд аз муноқишаи хунин дар сарҳад бо Қирғизистон доғ шуд.

Шералӣ Мирзо
Шералӣ Мирзо

Ба гуфтаи вазири мудофиа, Тоҷикистон бо 50 миллион лира метавонад аз корхонаҳои ҳарбӣ-техникии Туркия "силоҳу муҳимоти ҷангӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин ва дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон" гирад.

"Созишномаи ҳарбӣ бо Туркия барои мубориза бо хатарҳои муосир ва терроризму ифротгароӣ муҳим аст," – афзудааст Шералӣ Мирзо.

Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми апрел бо матни созишномаи Тоҷикистон ва Туркия дар заминаи ҳамкорӣ дар бахши ҳарбӣ-молиявӣ ошно шуд. Дар санад омадааст, "пас аз расмиёти дохилӣ" Вазорати мудофиаи Тоҷикистон номгӯйи техникаҳои лозимии ҳарбиро ба Вазорати мудофиаи миллии Туркия пешниҳод мекунад ва сипас раванди харидани таҷҳизот оғоз мешавад.

Як шарти асосӣ ин будааст, ки Тоҷикистон бояд маблағи ҳукумати Туркияро танҳо барои харидани таҷҳизоти ҳарбӣ аз корхонаҳои ҳамин кишвар истифода барад.

Созишнома пешбинӣ мекунад, ки 50 миллион лира ё 1,5 миллион доллар аз ҳисоби буҷаи Туркия ҷудо шуда, Тоҷикистон бояд ин пулро дар муддати панҷ сол истифода барад. Дар сурати аз 50 миллион лира зиёд шудани харҷи таҷҳизоти низомӣ, маблағи боқимондаро Тоҷикистон хоҳад дод.

Дар санад ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки Тоҷикистон наметавонад бе ризояти Туркия таҷҳизоти гирифтаашро ба кишвари сеюм диҳад. Душанбе ва Анкара тавофуқ кардаанд, ки тарзи иҷрои созишномаро бе розигии ҳамдигар ошкор намекунанд.

Таваҷҷуҳ ба ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Тоҷикистон баъд аз соли 2022 ва задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад бо Қирғизистон зиёд шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон он замон гуфта буд, ки ҷониби Қирғизистон ба баъзе аз минтақаҳои наздимарзӣ бо дрон ҳамла кард. Қирғизистон дар ин бора чизе нагуфт. Аммо баъди ҳамон муноқиша даъватҳо дар Тоҷикистон барои харидани ҳавопаймоҳои бесарнишин аз Туркия зиёд шуд.

Расонаҳои Эрон дар моҳи майи соли 2022 гузориш дода буданд, ки Теҳрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймои бесарнишини "Абобил-2" кушодааст. Дертар фармондеҳи ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, “дар баҳсҳои марзӣ Тоҷикистон ҳақ надорад аз паҳподи “Абобил-2” истифода кунад”.

XS
SM
MD
LG