Svoboda | Graniru | BBC Russia | Golosameriki | Facebook

Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои шаҳрвандони Туркия виза ҷорӣ кард


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Тоҷикистон дар як тасмими ҷавобӣ барои шаҳрвандони Туркия раводид (виза) ҷорӣ кард. Шаҳрвандони Туркия аз соли 2021 ҳақ доштанд, ки бидуни раводид ба Тоҷикистон биоянд ва то 30 рӯз бимонанд.

Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аз 20-уми апрели имсол ба иҷро медарояд.

"Шаҳрвандони Туркия метавонанд раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дастрас кунанд," – афзуд мусоҳиби мо.

Ҳукумати Туркия рӯзи 6-уми апрел Тоҷикистонро огаҳ кард, ки дигар шаҳрвандонаш ҳақ надоранд, пас аз 20-уми апрел бидуни раводид ба он кишвар сафар кунанд. Қарор дар бораи аз байн бурдани сафари бидуни раводиди тоҷикон ба Туркияро раиси ҷумҳур Раҷаб Таййиб Эрдуғон имзо кард.

Туркия то ҳол сабаби тасмимашро, ки муваққатӣ медонад, то ҳол нагуфтааст, вале бисёриҳо онро ба ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус" дар вилояти Маскав ва нақши эҳтимолии шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамла ба як калисои истанбул пайванд медиҳанд.

Анкара баъд аз ҳамла ба "Крокус" гуфт, ки ду гумонбар баъди сафари кӯтоҳмуддате ба Туркия аз Истанбул ба Маскав рафтаанд. Дар ҳамлаи рӯзи 22-юми март, ки пеш аз шуруи консерте сурат гирифт, зиёда аз 140 нафар кушта шуданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз соли 2018 ҳақ доштанд, мисли сокинони даҳҳо кишвари дигар бидуни раводид ва ё виза ба Туркия сафар кунанд ва то 90 рӯз онҷо бимонанд.

Аз Тоҷикистон ба Туркия ҳафтае шаш бор тавассути ширкатҳои Turkish Airlines ва “Сомон Эйр” парвози ҳавопаймоҳо ба Истанбул сурат мегирад ва ин хатсайр инчунин барои парвозҳои транзитии байнулмилалӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон масири асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, соли 2022 табодули мол миёни ду кишвар бештар аз 350 миллион долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG